Таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 20-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон доир гардид.
Тавре аз котиботи нахуствазири кишвар хабар доданд, дар ҷаласа таъкид шуд, ки чорабиниҳои ҷашнӣ дар саросари ҷумҳурӣ баргузор шуда, ба ифтихори ин ҷашн дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар садҳо иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ба иттилои манбаъ, Оқил Оқилов аз сатҳи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон изҳори қаноатманщӣ намуда, аз аъзои кумитаи тадорукот даъват ба амал овард, ки корҳои омодагӣ дар ин самтро боз ҳам бештар тақвия бахшанд.
Бино ба иттилои як сарчашмаи ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, ахири ҳафтаи оянда дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои асосии ҷашнӣ ба ин муносибат баргузор мешаванд.





