Коршиносон: Ш.Карамхудоев шиканҷа нашудааст


Пас аз ташхиси судиву тиббӣ коршиносон ба хулоса расиданд, ки ҷароҳатҳо дар ҷисми раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев осори шиканҷа набуда, бар асари афтидани ӯ пайдо шудаанд.

Ташхиси судиву тиббии ҷароҳатҳои бадани Шерик Карамхудоев бо дархости ҳимоятгари ӯ Зебо Қосимова санаи 4-уми октябр дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо ҳузури намоянлдагони КДАМ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ гузаронида шуданд.

Зебо Қосимова мегӯяд, бо натоиҷи ташхис комилан мувофиқ набуда, ба баргузор намудани ташхиси такрорӣ ва боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин масъала тибқи моддаи «Шиканҷа» исрор хоҳад варзид.

Ба қавли ҳимоятгар, зерҳимояаш гуноҳи тибқи айбнома пешниҳодшударо пурра ба гардан гирифта, лекин тасдиқ менамояд, ки ҳангоми боздошт ӯро мавриди шиканҷа қарор додаанд.

Айни замон Ш.Карамхудоев дар тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешавад. Дар нусхаи муроҷиати Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари Шерик Карамхудоев ба президенти кишвар, ки қаблан ба идораи ОИ «Азия-Плюс» расида буд, ӯ доир ба чӣ гуна бедарак шудани шавҳараш зимни марҳилаи фаъоли амалиёти низомӣ дар Хоруғ санаи 24-уми июли соли равон маълумоти муфассал дода буд.

«Тақрибан санаи 22-юми августи соли 2012 аз ҳафтаномаии «Азия-плюс» огоҳ гардидем, ки ҳамсарам Шерик Карамхудоев дар маҳкамаи тафтишотии КДАМ қарор дорад.  Санаи 17 сентябри  соли 2012 модари Ш.Карамхудоев ба назди ӯ даромад. Аз дидани ӯ маълум гашт, ки косахонаи болои сараш кафида ва пояш захмдор шуда буд. Ба саволи модараш, ки «Ба ту чӣ шуд, ин захмхо аз кучо?», Шерик Карамхудоев барои тасаллӣ додани модараш «Ман аз бом афтидам»- гуён ҷавоб додааст. Вале мо ин ҷароҳатҳоро аз истифодаи шиканҷа ба Шерик низ истисно намедонем. Аз ҳамон рӯз модари пиронсолаш ба ӯ бовар накарда, ба Шумо ва ба Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба татбиқи шиканҷа ва тафтиши ҳолати кор муроҷиат карда буд. Пас аз шикояти модараш Покизамоҳ Иқболшоева аз тарафи Прокуратураи генералӣ сабти видеоие пешниҳод гардид, ки дар он Ш.Карамхудоев бе иштироки адвокат ба тамоми айбе, ки аз тарафи Прокуратураи генералӣ эълон карда шуда буд, иқрор шудааст. Гӯё ӯ дар даст яроқ доштаасту ва ҳеҷ кас ӯро азобу уқубат надодааст. Ин сабти видеоиро кормандони Прокуратураи генералӣ барои Шумо пешкаш намуданд. Муҳтарам президент, чӣ тавр ва дар кадом асос кормандони Прокуратураи генералӣ шавҳари маро бе иштироки адвокат пурсиш гузаронида, ба видео сабт кардаанд?  Канӣ адолату қонун?», – зикр гардида буд дар муроҷиатнома.

Ҳимоятгар қайд кард, ки чанд рӯз қабл модари Карамхудоев аз Прокуратураи генералӣ посух гирифтааст, ки дар ҷараёни санҷиш далелҳои нисбати писараш истифода шудани методҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ нагардидаанд.

«Дар ҳамин ҳол, дар посухи Прокуратураи генералӣ чӣ гуна баргузор шудани ташхис ва бозпурсии кадом шахсон дар ҷараёни он возеҳ ифода наёфтааст», – таъкид кард Қосимова.

Ёдрас мекунем, ки тибқи иттилоии пешакии ҳимоятгарон, Карамхудоев мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан,  ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан,  нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ,  лавозимоти ҷангӣ,  моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад. Дар изҳороти интишоршуда санаи 29-уми август аз ҷониби Прокуратураи генералии ҶТ, Ш.Карамхудоев дар муқовимати мусаллаҳона ба нерӯҳои ҳукуматӣ зимни рӯйдодҳои ахири Хоруғ муттаҳам дониста мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное