Ахири ҳафтаи гузашта дар Токио Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» иштирок намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Дар оғози ҷаласа иштирокчиён оид ба муваффақиятҳои ноилшуда дар давоми 20 соли барқарории намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония, инчунин комёбиҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» ибрози назар намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳифзи муҳити зист, энергетика, ноилшавӣ ба Мақсадҳои рушди ҳазорсола ва коҳиш додани нобаробарӣ ҷиддан баррасӣ гардиданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба тадбирҳо ва саъю кӯшишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дастгирии сулҳу субот дар минтақа, зарурати ҳамкории минтақавӣ ба мақсади мӯътадилгардонии вазъ дар Афғонистон ибрози андеша карданд. Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин муҳим будани ҳамкориро дар соҳаи коҳиш додани хатари офати табиӣ қайд намуданд.
Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба масъалаҳои обӣ-энергетикӣ таваҷҷӯҳ намуд: “Таи солҳои охир ҳал намудани мушкилоти обӣ-энергетикӣ масъалаи ҳамдигарнофаҳмии кишварҳои минтақа мегардад. Сабаби муҳим будани мавзӯъ, пеш аз ҳама, дар нодуруст маънидод кардани истифодаи захираҳои обӣ-энергетикии минтақа мебошад. Оид ба Тоҷикистон дар ин мавзӯъ, мо ҳеҷ гоҳ мақсад нагузоштаем, ки ба манфиати кишварҳои ҳамсоя зарар расонда, худ фоида гирем”. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки зимни ҳал намудани чунин масъалаҳо Тоҷикистон аз мавқеи ҳифз намудани тавозуни чӣ манфиатҳои худӣ ва чи умумиминтақавӣ пуштибонӣ менамояд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои тандурустӣ, маориф, баробарии гендерӣ, қочоқи маводи мухаддир, таҳдиди паҳншавии экстремизм ва терроризм, зарурати амалисозии лоиҳаҳои инфрасохторҳои минтақавӣ бо ҷалб намудани Афғонистонро қайд намуд.
Дар рафти ҷаласа ҷониби Япония изҳор дошт, ки барои ҷудо намудани 700 миллион доллари ШМА барои амалӣ намудани лоиҳаҳои зарурӣ дар доираи Муколама омода аст.
Ҷонибҳо дар бораи то моҳи марти соли 2013 гузаронидани муколамаи интелектуалии навбатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби амалисозии “Нақшаи корӣ”-и Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” мебошад, ба мувофиқа расиданд.
Вохӯрии 5-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” бо раисии Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.
Дар конфронси матбуотӣ оид ба натиҷаҳои вохӯрӣ Вазир Ҳ. Зарифӣ баромад намуда, қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ характери махсусан муҳим касб кардаанд. “Зарур аст, ки захираҳои табиии Осиёи Марказӣ ва технологияи пешрафтаи Японияро ба ҳам оварда шаванд”, – қайд намуд Ҳ. Зарифӣ.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии 4-уми Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” изҳороти муштарак қабул карда шуд.





