Тағйироти навбатии кадрӣ дар сохтори ҳукумат

ASIA-Plus


Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Асомиддин Саидов аз мансаб сабукдӯш гардид. Олим Раҳимов, ки қаблан ба ҳайси сардори шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ифои вазифа мекард, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон таъин гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Музаффар Исоқов аз вазифа озод гардида, ба ивази ӯ Фирӯз Ҳамроев директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ таъин карда шуд. Фирӯз Ҳамроев қаблан дар вазифаи муовини вазири нақлиёт фаъолият мекард.

spot_imgspot_img

Популярное