Таваҷҷуҳи раиси пойтахт ба андешаи сокинон оид ба номгузории кӯчаву хиёбонҳо

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  сохторҳои марбутаи шаҳрию институтҳои шаҳрвандӣ- гурӯҳи кории фаъолони  сомонаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид. Тавре аз мақомоти […]

ASIA-Plus


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  сохторҳои марбутаи шаҳрию институтҳои шаҳрвандӣ- гурӯҳи кории фаъолони  сомонаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар ҷаласа қабл аз ҳама дар иртибот ба фаъолияти Комиссияи доимии марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ки муваззаф гардидааст то ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ба номи шахсиятҳои арзанда иваз намудани номҳои кӯчаву хиёбонҳои мавҷударо дар ҳамкорӣ бо комиссияи дахлдори шаҳрдорӣ тибқи тартиби ҷойдошта бояд ба субот расонад, гузориши раиси Комиссия Абдулҳамид Самадов шунида шуд.

«Бо хулоса аз гузориши манзуршуда Маҳмадсаид Убайдуллоев  дастур дод, ки фаъолияти Комиссия тақвият дода шуда, моҳе як маротиба ҳисоботи Комиссия шунида шавад ва дар ин самт сокинони шаҳр дар радифи раисони ноҳияҳо нисбати тағйири номи кӯчаву хиёбонҳои ба  иваз намудан воқеан ниёздошта таклифҳояшонро унвонии комиссия пешниҳод намоянд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба сохтмони манзили зист дар пойтахт, истифодаи ҳадафноки қитъаҳои замини ҷудошуда, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо об, барориши саривақтии партовҳои маишӣ, дар ҳолати хуби санитариву экологӣ нигоҳ доштани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ низ баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.