Тоҷикистон ҳамаи шартҳои Русияро қабул надорад

Тоҷикистон ба Русия иҷрои бандҳои алоҳидаи созишнома дар бораи бекор кардани боҷи содиротӣ ба воридоти маводи сӯхт аз ин кишварро кафолат дода наметавонад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, инҷо сухан сари масъалаи интиқоли дубораи маводи сӯхт барои содирот ба кишварҳои сеюм меравад. «Дар ин банд Русия аз Тоҷикистон талаб дорад, ки […]

Заррина Эргашева


Тоҷикистон ба Русия иҷрои бандҳои алоҳидаи созишнома дар бораи бекор кардани боҷи содиротӣ ба воридоти маводи сӯхт аз ин кишварро кафолат дода наметавонад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, инҷо сухан сари масъалаи интиқоли дубораи маводи сӯхт барои содирот ба кишварҳои сеюм меравад.

«Дар ин банд Русия аз Тоҷикистон талаб дорад, ки маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон аз Русия бидни боҷи содиротӣ воридшуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор бигирад, то ки он дубора ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Афғонистон интиқол нагардад. Дар сурати акс, Русия метавонад созишномаро бекор намуда, боз боҷи содиротӣ ҷорӣ созад ё воридоти маҳсулоти нафтиро маҳдуд намояд», – зикр карданд дар ҳукумат.

Тибқи баъзе маълумот, маҳз ҳамин масъала ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияи созишнома дар ин хусус боис гардидааст.

Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар ин робита чунин изҳори назар карданд, ки дар ин масъала бо Русия ҳеҷ мушкилоте мавҷуд набуда, Русия бба бекор кардани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон дар ҳаҷми талабшудаи 1 млн. тонна дар як сол омода аст.

«Аммо масъалаи интиқоли дубораи маҳсулоти нафтии Русия аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар боиси он шуд, ки ба Тоҷикистон барои баррасии дақиқ ва посухи ниҳоӣ додан ба ин масъала вақти бештаре лозим шуд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта ба баррасии созишномаи мазкур Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ низ пайваста, акнун мутаххассиони ин вазорат дар ҳамроҳӣ бо мутахассисони Вазорати энергетикаву саноат пайи ҳаллу фасли ин масъала мекӯшанд.

«Тоҷикистон ҷонибдори умуман дар созишнома ҷой надоштани масъала дар бораи интиқоли дубора барои содирот аст, вале ин шартро Русия қабул надорад», – гуфтанд дар Вазорати энергетика ва саноат.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар ёддошт таҳияи созишнома дар ин хусус то 1-уми ноябри соли равон пешбинӣ гардида буд, вале акнун дар вазорат мегӯянд, ки имзои он  охири соли равон имконпазир хоҳад шуд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.