Дар Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ оғоз гардид

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ оғоз гардид, ки муддати се рӯз идома меёбад. Ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Гӯшаи Амрико воқеъ дар ошёнаи 4-уми Китобхонаи миллӣ шурӯъ мешавад, ки дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили ACCELS, EducationUSA, IREX, Bactria Cultural Center, Tempus, DAAD, UCA ва Гӯшаи Амрико иштирок хоҳанд кард. Ҳар яке аз ин […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ оғоз гардид, ки муддати се рӯз идома меёбад.

Ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Гӯшаи Амрико воқеъ дар ошёнаи 4-уми Китобхонаи миллӣ шурӯъ мешавад, ки дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили ACCELS, EducationUSA, IREX, Bactria Cultural Center, Tempus, DAAD, UCA ва Гӯшаи Амрико иштирок хоҳанд кард. Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оиди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳад дод.

Намоишгоҳ бо суханони ифтитоҳии намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Вазорати маорифи кишвар шурӯъ хоҳад шуд. Ҳамчунин, рӯзҳои 14 – 16 ноябр дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон чорабиниҳо дар мавзӯҳои гуногуни таълимӣ ва имконоти таҳсил сурат хоҳанд гирифт.

Хафтаи таҳсили байналмилалӣ як имкониятест барои дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф, барои омода сохтани халқи Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд.

Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.