Баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон

Чанде қабл дар шаҳри Варшава ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гашт. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси қисмати тоҷикистонии комиссия Умеди Давлатзод ва ҳайати Лаҳистонро Муовини вазири иқтисоди ин кишвар, раиси қисмати лаҳистонии комиссия Анджей Диха раҳбарӣ карданд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Варшава ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гашт. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси қисмати тоҷикистонии комиссия Умеди Давлатзод ва ҳайати Лаҳистонро Муовини вазири иқтисоди ин кишвар, раиси қисмати лаҳистонии комиссия Анджей Диха раҳбарӣ карданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Лаҳистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун муайян карда шуданд.

 Зимни ҷаласа Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Лаҳистон ба имзо расид. Зери ин санад аз ҷониби Тоҷикистон Раиси кумитаи мазкур М.Неъматов ва аз ҷониби Лаҳистон Муовини вазири варзиш ва сайёҳии ин кишвар Катаржина Собирайска имзо гузоштанд. Бахши сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба маҳсуб мешавад ва ин санад заминаи ҳуқуқиро барои рушди ҳамкориҳо миёни субъектҳои сайёҳии ду кишвар ва истифодаи иқтидори ҷонибҳоро дар ин соҳа таъмин хоҳад кард.

 Аз рӯи натиҷаи кори Комиссия Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматиро Тоҷикистону Лаҳистон ба имзо расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.