Боздошти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба гумони қочоқи нашъа

Зимни амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба хотири халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот ному насаби онҳо зикр намегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ […]

Аваз Юлдошев


Зимни амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон ва як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба хотири халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот ному насаби онҳо зикр намегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни боздошт аз онҳо 5 кило маводи мухаддири героин ва 4 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст. «Ҳамчунин ҳангоми кофтукови манзили корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе боз 5 килои дигар героин дарёфт шуд», – гуфт манбаъ.

Аз КДАМ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки рӯзи душанбе дар ҷараёни амалиёти дигари кормандони кумита дар қаламрави фурудгоҳи пойтахт сокини 35-солаи шаҳри Душанбе Муҳаммад Муҳаммадаминов низ бо 1 кило героин боздошт гардидааст. «Ӯ ин миқдор маводи мухаддирро ба шаҳри Маскав интиқол доданӣ буд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки соли равон кормандони КДАМ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 2 тоннаву 850 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.