Вуруди Раёсати маорифи пойтахт ба шабакаи ҷаҳонии Интернет

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бо иштироки сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидуллохон Фақеров, намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносони бахши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рӯзноманигорон маросими рӯнамои сомонаи интернетии Раёсати мазкур  баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Раёсати маорифи пойтахт Асомиддини Шералӣ хабар дод, пас аз маросими муаррифӣ […]

Маҳпора Киромова


Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бо иштироки сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидуллохон Фақеров, намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносони бахши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рӯзноманигорон маросими рӯнамои сомонаи интернетии Раёсати мазкур  баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Раёсати маорифи пойтахт Асомиддини Шералӣ хабар дод, пас аз маросими муаррифӣ сомона бо суроғаи www.dushanbemaorif.tj ба фаъолият шурӯъ мекунад.

«Сомона муддати се моҳ таҳия гардида, тарзи кор ва гӯшаҳои сомона ба талаботи порталҳои бахши маорифи кишварҳои хориҷӣ ҷавобгӯ аст ва дар он аз бахшҳои тозае чун китобхона, онлайн-олимпиада, таҳсилоти фосилавӣ, маслиҳати ҳуқуқӣ ва ғайра метавон истифода намуд», – гуфт вай.

Ба қавли номбурда, дар бахши китобхона омӯзгорон ва толибилмон метавонанд 7 ҳазор нусха китобҳои элекронӣ бо забони англисиву русӣ ва тоҷикиро дарёфт кунанд. «Ғайр аз ин, дастрасӣ ба бахши онлайн-олимпиада низ таъмин гардида, хоҳишмандон аз рӯйи тамоми фанҳои дарсӣ метавонанд дар он иштирок намоянд», – афзуд А.Шералӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.