АНМН: Боздошти аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша бо маводи мухаддир

Роҳандозии як амалиёти бисёрзинаии махсус аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷиби мусодираи 44 кило афюн шуд. Амалиёти мазкур аз се марҳила иборат буд ва ҳадаф дошт боз як роҳи интиқоли ғайриқонунии мухаддиротро аз тариқи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия масдуд созад. Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, чанд […]

ASIA-Plus


Роҳандозии як амалиёти бисёрзинаии махсус аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷиби мусодираи 44 кило афюн шуд. Амалиёти мазкур аз се марҳила иборат буд ва ҳадаф дошт боз як роҳи интиқоли ғайриқонунии мухаддиротро аз тариқи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия масдуд созад.

Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, чанд моҳ пеш кормандони Агентӣ ба ҳуҷҷатикунонии фаъолиятҳои пинҳонии як гурӯҳи муташаккили ҷинояткор оғоз карданд, ки чанд нафар сокинони ноҳияҳо тобеъи ҷумҳурӣ ба ҳайати он шомил буданд. Гуфта мешавад, ки аъзои ин гурӯҳ миқдори бағоят калони маводи мухаддирро мехост ба қаламрави Русия интиқол диҳанд. 

Аввал дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ду сокини ноҳияҳои номбурда, ки яке 46 ва дуюмӣ 48 сол дошт, бо халтаи мухаддирот боздошт шуданд ва лабораторияи ташхиси судӣ 27 кило афюн будани онро тайид карда буд. Дар нахустин рӯзи ин боздошт маълум шуд, ки ин ду нафар боз шарикони дигар низ доранд, ки дар айни замон бо онҳо нестанд. Ин буд, ки идомаи амалиёти шиносоӣ ва боздошти онҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он оғоз гардид. Баъди таҳқиқу пурсиш мушаххас шуд, ки яке аз он шарикон шаҳрванди 38-солаи ноҳияи Ваҳдат будааст. Ҳангоми боздошт ва кофтуков дар хонаи ӯ бо кӯмаки саги хидматӣ дар пинҳонгоҳи махсус омодакардашуда 18 баста мухаддироти навъи афюн кашф ва мусодира гардид, ки вазни умумии он тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси судӣ 17 кило буд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин се тани боздоштшуда аллакай қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ суд шуда будаанд. Вале баъди баромадан аз зиндон ҳам аз гузашта панд нагирифтаанд ва боз бо ҳамон пайроҳа по гузоштаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса Шӯъбаи тафтишотии Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуд ва кори тафтишотӣ дар мавриди шиносоӣ ва боздошти гумонбарони дигар аз ҷумлаи аъзои ин гурӯҳи муташаккил идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.