Баррасии ҷараёни иҷрои Стратегияи миллии солимии аҳолии ҷумҳурӣ

Имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт нишасти дурӯза оид ба баррасии ҷараёни иҷрои Шарҳи cоли дуюми татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори нишаст аз иштироки муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов интизорӣ меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати тандурустии […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт нишасти дурӯза оид ба баррасии ҷараёни иҷрои Шарҳи cоли дуюми татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ба кор шурӯъ мекунад. Дар кори нишаст аз иштироки муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ва вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов интизорӣ меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Ғоибова хабар дод, дар кори нишаст ҳамчунин раиси намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Павел Урсу, раиси намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Эдуард Ауэр, директори минтақавии Дафтари аврупоии СҶТ Жуажанна Якоб ва намояндагони тамоми созмону ташкилотҳои маҳалливу хориҷии бахши тандурустӣ дар кишвар ширкат хоҳанд варзид.

Қобили зикр аст, ки 2 августи соли 2010 Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 тасдиқ гардида буд.

Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-202 мақсадҳои дарозмӯҳлати кишварро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва роҳҳои ноил шудан ба ин мақсадҳо, аз ҷумла стратегияҳо, барномаҳо ва захираҳои навсозии соҳаи ҳифзи солимиро фаро мегирад. Он ирода ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ифода намуда, ҳуҷҷати маҷмӯӣ ва бунёдии банақшагирии дурнамо буда, самтҳои минбаъдаи барномавии роҳбарияти сиёсии кишварро ифода менамояд, ки барои банақшагирии маҷмӯӣ нигаронида шуда, дар асоси муносибати асоснокшуда татбиқ мегардад.

Дар назар аст, ки дар шарҳи cоли дуюмитатбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 намояндагони шарикон оид ба рушд ширкат ва маърӯза хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.