Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари шуъбаи Котиботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) оид ба масоили узвият ба Созмон Шейду Осакве ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин созмон ва Дмитар Братанов мулоқот анҷом дод.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Ш.Зуҳуров ба намояндагони СҶТ роҷеъ ба ислоҳоти иқтисодии дар ҷумҳурӣ ҷараёндошта маълумот дода таъкид намуд, ки дар давоми панҷ сол ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон чаҳор маротиба афзоиш ёфтааст.
«Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раванди воридшавии кишварро ба СҶТ зери назар дорад ва дар ин замина фазои мусоиди қонуниро фароҳам оварда, талош дорад, ки ҳамаи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба талаботи созмони мазкур мутобиқ намояд», – гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки кишвари мо аз СҶТ дархости ворид шудан ба онро карда буд ва «мо имрӯз аз он хушҳол ҳастем, ки намояндагони воломақоми ин созмони бонуфуз дар пайи иҷрои дархости ҷониби Тоҷикистон ба мамлакати мо ташриф овардаанд».
Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар ҳамчунин изҳор кард, ки вакилони ин мақомии олии қонунгузори ҷумҳурии мо бо мақсади таъмини раванди шомилшавии Тоҷикистон ба СҶТ ба як қатор қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки ин ҷараёни пазируфтани кишвари мо ба созмони мазкурро содда ва осон хоҳад кард. «Дар натиҷаи чораҳои саривақти андешида аз ҷониби сарвари давлат, ҳукумат ва парлумони кишвар, Тоҷикистон қариби бидуни мушкилоте буҳрони ҷаҳонии моливу иқтисодиро паси сар намуд», – афзуд Ш.Зуҳуров.
Ба иттилои манбаъ, Шейду Осакве нахуст аз номи раёсати олии ин Созмони бонуфуз ба Ш.Зуҳуров барои талошҳои муассир ҷиҳати шомил шудани кишвари худ ба СҶТ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки баҳри узвият ба созмон Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расонида, давраи мушкилеро тай кард. Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба ҳайси кишвари 159-уми СҶТ ба узвият пазируфта хоҳад шуд.
Намояндаи СҶТ ҳамчунин изҳор дошт, ки ворид шудани Тоҷикистон ба созмони мазкур барои беҳтар гардидани вазъи иқтисодии кишвар, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.





