Дар маҳаллаи аҳолинишини Файзободи ҷамоати Даштигули ноҳияи Ҳамадонӣ як коргоҳи нави дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҷамоат Зиннатмо Ҳалимова хабар дод, коргоҳи нав ба туфайли маблағгузории фонди сарвари давлат ба истифода дода шуда, ба сатҳи некӯаҳволӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занон мусоидат менамояд.
Ба қавли вай, айни замон дар коргоҳ 8 нафар занону духтарон ба кор шурӯъ карда, боз 16 нафари дигар пас аз омӯзиши касби дӯзандагӣ бо кор таъмин карда мешаванд. «Қаблан занону духтарон, бахусус наварӯсон сарулибоси худро дар маркази ноҳия ё ҳатто шаҳри Кӯлоб фармоиш медоданд, ки ин барои онҳо мушкилӣ дошт», – гуфт муовини раиси ҷамоат ва илова намуд, ки дар ноҳия ин панҷумин коргоҳи дӯзандагӣ буда, аллакай кормандони он фармоишоти зиёде гирифтаанд.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки айни замон бо соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати кушодани коргоҳи қаннодӣ ва дигар истеҳсолоти хурд гуфтушунид идома дорад, то ки занони ҷамоат бо ҷойҳои корӣ таъмин гарданд.





