Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз дар назди Котиботи Шӯрои миллии рушд бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷаласа Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 мавриди муҳокимаи ниҳоӣ қарор гирифт.
«Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо/муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз Умед Давлатзод «Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро муаррифӣ карда, дар ибтидо ҳадафҳои асосии онро зикр намуд, ки онҳо аз идома додани раванди коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои устуворгардонӣ ва афзоиши теъдоди табақаи миёна мебошанд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни муаррифии Стратегияи мазкур ҳамзамон қайд гардид, ки тибқи сенарияи эҳтимолии сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 коҳиш ёфта, сатҳи табақаи миёна (тибқи меъёри байналмилалӣ) мутаносибан аз 19,5% то ба 29,4% расонида мешавад.
Дар Стратегия зикр мегардад, ки тақрибан 30%-и аҳолии Тоҷикистон ба гурӯҳи осебпазир шомиланд ва барои ворид гардидан ҳам ба табақаи камбизоатон ва ҳам табақаи миёна имконоти якгуна доранд. Ҳамин тариқ, Стратегия ба он равона гардидааст, ки ин гурӯҳи аҳолӣ бештар ба табақаи миёна ворид гардад.





