То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 440 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 140 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин миқдор ҳосили картошка ба 95%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. «Соли равон ҳосилнокии картошка тақрибан 20% зиёд шуда, аз ҳар гектар 215 сентнерро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.
Ба иттилои манбаъ, соли равон картошка дар майдони беш аз 20,6 ҳазор гектар парвариш ёфта, майдони кишт нисбат ба соли гузашта 563 гектар зиёдтар аст. «Айни замон дар 20,3 ҳазор гектар ҷамъоварии ҳосили картошка ба анҷом расид», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки соли равон дар саросрари кишвар ҷамъоварии зиёда аз 460 ҳазор тонна ҳосили картошка дар назар аст.



