Cомонаи радиои «Озодӣ» қисман дастрас шуд


Дастрасӣ ба сомонаи хадамоти тоҷикии радиои «Озодӣ»



www.ozodi.org


дар қаламрави Тоҷикистон қисман барқарор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Анҷумани ширкатҳои инернетрасони Тоҷикистон Асомуддин Атоев хабар дод, дастрасӣ ба ин сомона барои корбарони тоҷикистонӣ нимаи аввали рӯзи 1-уми декабр барқарор гардид.

Ба қавли А.Атоев, дастрасӣ ба торнамо пас аз гуфтушуниди мақомоти раҳбарии радио ва сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров имконпазир шудааст. Аз ҷузъиёти суҳбати телефонӣ хабар дода намешавад. Пас аз гуфтушунид бо Прага Хадамоти алоқа ба ширкатҳо дар бораи иҷозаи дастрасӣ ба сомона смс ирсол кардааст.

Қобили зикр аст, ки дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ» санаи 29-уми ноябр қатъ гардида буд. Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» Бег Зуҳуров хабари қатъи дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ»-ро тасдиқ намуда, изҳор карда буд, ки ин кори дасти «ихтиёриён» буда, онҳо аз «фаъолияти як қатор агентиҳои иттилоотӣ алайҳи манфиати Тоҷикистон» изҳори норозигӣ кардаанд.

А.Атоев мегӯяд, қатъи дастрасӣ шояд ба он хотир сурат гирифта бошад, ки пас аз дастнорас шудани шабакаи иҷтимоии Facebook, дар сомонаи радиои «Озодӣ» базудӣ мусоҳибаи кӯтоҳи сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров ба нашр расид.

«Корбарони сомонаи «Озодӣ» бештар аз забони тоҷикии ҷаноби Бег Зуҳуров интиқод карда буданд ва шояд барои ҳамин тасмим гирифтаанд, ки дастрасиро қатъ намоянд», – иброз дошт Атоев.

Шарҳи Зуҳуров дар ин торнамо нисбати қатъи дастрасӣ ба шабакаи Facebook, ба пайдоиши миқдори зиёди коллажҳо ва маводи танзомез дар худи ин шабакаи иҷтимоӣ боис гардид.

То ҳанӯз на ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози Интернет дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ»-ро таъмин кардаанд. Қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook идома дорад.  

Ёдрас мекунем, 3-уми майи соли равон Хадамоти алоқа аз ширкатҳои фароҳамсози Интернет даъват ба амал оварда буд, ки дастрасӣ ба торнамои Facebook ва чанде аз дигар сомонаҳо, аз қабили Zvezda.ru, Tjknews.com ва Maxala.org-ро қатъ карда шавад. Тӯли соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа ҳамчунин якчанд маротиба дастрасӣ ба сомонаи news.tj (ОИ «Азия-Плюс») низ қатъ гардида, торнамоҳои Lenta.ru, Ferghananews.com, Pamir-vesti.ru, оҷонсии «Озодагон», видеохостинги You Tube ва ғайра мавриди ин амали Хадамоти алоқа қарор гирифта буданд.

Ҷолиб аст, ки рӯзи сурат гирифтани қатъи дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ» – 30 ноябр, Рӯзи байнулмилалии ҳифзи иттилоот таҷлил гардид. Рӯзи 26-уми ноябр бошад, яъне рӯзи қатъи дастрасӣ ба шабакаи Facebook, дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии иттилоот ҷашн гирифта шуд.

spot_imgspot_img

Популярное