Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ озими Ашқобод шуд


Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 4-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод доир мешавад, бо сафари корӣ ба Туркманистон рафт.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо масоили ҳамкориҳоро оид ба самтҳои асосии муносибатҳо дар чаҳорчӯби фаъолияти Иттиҳод, аз ҷумла, таҳкими амният, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи табиат ва муҳити зист, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва моддию техникӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Ашқобод ҷаласаи сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор хоҳад шуд.

spot_imgspot_img

Популярное