Пулҳои нави коғазии БМТ бо унсури иловагии ҳимоявӣ


Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии арзишашон 5 ва 10 сомонии дорои унсури иловагии ҳимоявиро ба муомилот баровард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, пулҳои коғазии нав бо мақсади пурзӯр намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар нашр шуда, унсури иловагии ҳимоявӣ – кинеграммаро доро мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, пулҳои коғазии номбурда дар қатори пулҳои коғазии арзишашон 5 ва 10 сомонии барориши соли 1999, ки айни замон дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное