Маҳкумияти сокини Суғд ба 9,5 соли зиндон барои паноҳ додан ба узви ҲИӮ

Суди шаҳри Хуҷанд сокини 27-солаи деҳоти Яккабоғи ноҳияи Истаравшан Ҷасур Қурбоновро барои паноҳгоҳ додан ба узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва додани пора ба корманди Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ба 9,5 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров хабар дод, маҳкумшуда ҳамроҳи ҳамсараш дар бозори «Сомон»-и […]

Мавлуда Рафиева


Суди шаҳри Хуҷанд сокини 27-солаи деҳоти Яккабоғи ноҳияи Истаравшан Ҷасур Қурбоновро барои паноҳгоҳ додан ба узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва додани пора ба корманди Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ба 9,5 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» судяи суди шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров хабар дод, маҳкумшуда ҳамроҳи ҳамсараш дар бозори «Сомон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекардааст. «Бо хоҳиши хусураш, ки ҳамроҳи падари ӯ пас аз содир шудани амали террористӣ дар Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, ӯ як сокини ноҳияи Қубодиён, узви фаъоли ҲИӮ-ро паноҳгоҳ медиҳад. Ин шахс аз Маскав баргашта, баъди чанде аз ҷониби мақомоти махсуси Қирғизистон дар қаламрави ин кишвар дастгир карда мешавад», – иброз дошт судя ва зикр кард, ки маҳкумшуда гӯё намедонистааст, ки ин шахс узви ҲИӮ аст.

Ба қавли ӯ, дар идома Қурбонов ба муовини сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил барои ба манфиати ӯ ҳал кардани ин кор дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ пора пешниҳод мекунад, вале ҳангоми додани пора аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят боздошт мегардад.

Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.