Омилҳои пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Date:


Аз абад инсоният баҳри илмомӯзиву маърифатомӯзӣ ва кушудани асрори пайдоиши инсон, ҳаёту зиндагӣ, табиат, ҷамъият, тағйирдиҳии онҳо ба манфиати инсон ва ҷамъият ва ғайра саъю кӯшиш менамуд.

Илм маҳсули хиради инсонӣ буда, дар навбати худ бо маърифати наву тоза оид ба мафҳумоти олами воқеӣ тафаккури инсонро  ғанӣ мегардонад.  Аммо асоси ҳар як фаъолияти илмӣ амалияи ҷамъиятӣ мебошад. Донишҳо аз амалиёти рӯзмарраи одамон аз манфиатҳо, талаботҳо ва шавқмандии ҷомеаи инсонӣ сар шуда, аз мушоҳидаи зинда ба тафаккури абстрактӣ ва аз он ба амалия мегузаранд.  Илм оламро ба воситаи мафҳумҳо ва қонунҳо инъикос намуда, ҳақиқат будани худро дар амалияи ҷамъиятӣ месанҷад. Ба қавли Саъдии Шерозӣ илм бе баҳс пойдор ва устувор нест.

 Олим бошад ин тадқиқкунанда, пешкашкунандаи фарзия, бавуҷудоварандаи назария ва мантиқан татбиқкунандаи он дар амалияи ҷамъиятӣ мебошад. Олим пажӯҳишгарест, ки дар мадди аввал ғояҳо (идеяҳо) – и навро қабул менамояд, дониши навро ба даст оварданӣ мешавад, то сазовори баҳои муносиби ҳамрайъон шавад. Олим шахсест, ки хулосаҳояш боэътимод бошанд, тадқиқотҳо ва асарҳои ба соҳааш дахлдоштаро  пурра азбар  кунад, бо далел сухан гӯяд ва ҳамзамон меъёрҳои байналмилалиро ба инобат бигирад, зеро кашфиёти олим моли шахсии ӯ набуда, миллату давлатро муаррифӣ менамояд.

Дар шариат ва маорифи исломӣ «илм» ё худ «илми илоҳӣ» илми бонизом аст ва он чӣ илми илоҳӣ талаб мекунад, ин ҷаҳон аст, бо он низомоте, ки он дорад. Ин ҷаҳон бо ҳамаи низомоти худ ҳам илми борӣ таолост ва ҳам маълуми ӯ, зеро зоти Ҳақ ба зоти ҳамаи ашё аз азал то абад муҳит аст ва зоти ҳар чизе назди ӯ ҳозир аст. Имкон надорад, дар тамоми саросари ҳастӣ мавҷуде аз ӯ пинҳон бимонад. Ӯ ҳама ҷост ва бо ҳама чиз аст. Агар диди имрӯзро нисбат  ба мафҳуми илм бо фаҳмиши исломӣ қиёс кунем, то ҳадде наздикии ғоявиро метавонем мушоҳида намоем. Баробар бо ин дар маърифати исломӣ барои илм сифоте ва барои олим низ сифатҳое зикр шудааст.  Дар заминаи илм ва олим аввалан аз паёмбар (С) нақл шудааст: уламо вориси паёмбаронанд. Як олим чӣ гуна метавонад мероси паёмбаронро нақл кунад ба наҳве, ки ба маънои воқеӣ вориси паёмбарон маҳсуб шавад?

Ворисият аз паёмбари мусалмон варосат (мерос) дар мулк, мол ва амсоли ин умур (амал, кор) нест. Он чӣ, ки нақши аслии паёмбаронро ташкил медиҳад, иборат аст аз ҳадоис ба маънои васеи калима. Олимон ҳам аз ҳамин ҷиҳат аз паёмбарон варосат мекунанд ва кори онҳоро идома медиҳанд. Аз ҳамин ҷо бояд то ҳудуде усулан ба қолабгирии ин андеша роҳе пайдо намуд, ки олим чӣ гуна дорад муаррифӣ мешавад ва нақш ва шоён ва фанне, ки олим аз назари ислом дошта бошад чист?  Ин бояд ба мо нишон диҳад, ки мо аз чӣ бинише пайравӣ мекунем ва дар чӣ масире (самте) дорем гом (қадам)  мегузорем. Френсис Бэкон файласуфи таҷрибагарои англис мегуфт, ки мо илмро илм намешиносем магар ин, ки моро илм бар табиат зафармандтар кунад. Инро муқоиса кунед бо ин андеша, ки мо илмро илм намешиносем магар ин, ки моро вориси паёмбарон ва паёмбаргуна кунад. Дар ин муқоиса  метавонед ба хубӣ ҳадс занед, ки чорчӯбаи андешаи исломӣ дар бораи илм чист?

Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби худ «Инсон ва сарнавишт» дар муқоиса бо тамаддуни ғарбӣ, оид ба нақши арзишманди таърихӣ ва тамаддуни ғании исломӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, чунин қайд менамояд, ки «Муслимин чандин қарн дар улум, саноат, фалсафа, ҳунар, ахлоқ ва низомоти олии иҷтимоӣ бар ҳамаи ҷаҳониён афзалият доштанд ва дигарон аз хирмани файзи онҳо тӯша мегирифтанд. Тамаддуни азим ва ҳайратангези ҷадиди урупоӣ, ки чашмҳоро хира ва ақлҳоро ҳайрон кардааст ва имрӯз дар саросари ҷаҳон паҳн гаштааст, ба иқрор ва эътирофи муҳаққиқини беғарази ғарбӣ, беш аз ҳар чизи дигар аз тамаддуни бошукӯҳи исломӣ моя гирифтааст».

[1]

Ҷиҳати тасдиқи андешаи Мутаҳҳарӣ месазад нигоҳи донишманди урупоӣ Густав Лубунро оид ба нақши ислом дар шинохт, ташаккул ва рушди тамаддуни урупоӣ зикр дорем, ки гуфтааст: «Баъзеҳо (аз урупоиён) ор доранд,  иқрор кунанд, ки як қавми кофар ва мулҳиде (яъне мусалмон) сабаб шуда, Урупои масеҳӣ аз ҳоли таваҳҳуш ва ҷаҳолат хориҷ гардад. Ва ҳамеша, онро пинҳон нигоҳ медоранд, вале ин назар ба дараҷае беасос ва таассуфовар аст, ки ба осонӣ метавон онро рад намуд, нуфузи ахлоқии ҳамин аъроби зоидаи ислом он ақвоми ваҳшии Урупоро, ки салтанати Румро зеру забар намуданд, дохил дар тариқи одамият намуд ва низ нуфузи ақлонии онон дарвозаи улум, фунун ва фалсафаро, ки аз он ба куллӣ бехабар буданд, ба рӯи онҳо боз намуд ва то шашсад сол устоди мо урупоиён буданд».

[2]

Ё худ олими дигари урупоӣ Вил Дуронт низ сари ин мавзӯъ ба андеша омада, мегӯяд, ки: «Пайдоиш ва таназзули тамаддуни исломӣ аз ҳаводиси бузурги таърих аст. Ислом таи панҷ қарн, аз соли 81 ҳиҷрӣ то 597 ҳиҷрӣ аз лиҳози нерӯ ва назм, басти қаламрав ва ахлоқи нек, такомули сатҳи зиндагонӣ ва қонунҳои боадолатонаи инсонӣ, тасоҳули (саҳлангории, бепарвоии) динӣ (эҳтиром ба ақоид ва афкори дигарон), адабиёт ва таҳқиқи илмӣ, улум, тибб ва фалсафа пешоҳанги ҷаҳон буд».

[3]

  Урупоиён аз арзишҳои ноби исломӣ ғизову шарбатҳо ва дорую дармонҳо, аслиҳа ва нишонҳои хонаводагӣ, салиқа ва завқи ҳунарӣ, абзор ва русуми санъат ва тиҷорат, инчунин қонун ва русуми дарёнавардиро омӯхтанд. Мусулмонон, ки риёзиёт, табииёт, тибб ва ҳайати Юнонро ҳифз намуда, ба камол расонида, ба Урупо интиқол доданд. Осори арзишманди уламои олами ислом аз зумраи асарҳои Ибни Сино, Ибни Рушд ва дигарон дар муассисаҳои таълимии Урупо партав афроштанд.

Ниҳоят, метавон бо боэътимодӣ бигуфт, ки баҳри рушди тамаддуни исломӣ уламо кӯшиш ба харҷ доданд, ки ҳодиса ё худ масъалаи ба миёномадаро аз назари илмӣ, бо овардани далелҳои мӯътамад мавриди таҳлил қарор дода, сипас аз он хулосаи боэътимод бардоранд.

Илм ғояи ҳаёти одамӣ ҳамчун роҳи расидани инсон ба саодати дорайн (ин дунё ва охират) аст. Бинобар ин мувофиқ ба таълимоти дини мубини ислом, аҳодиси набавӣ  (ҳадиси пайғамбари ислом Муҳаммад (С)) таҳсили илм аз давраи тифлӣ то лаҳзаи вопасини ҳаёт барои ҳар як фард зарур аст. Ҳамзамон барои талаби илм кардан бошад мард ва зан ҳуқуқи мусовӣ доранд. Беилмӣ инсонро ба бадбахтиҳо, нотавонбиниҳо меорад. Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухороӣ дар «Китоб-ул-илм» – и худ барои собит кардани ин матлаб ҳадисеро меорад, ки «Кам шудани илм, ҷо гирифтани ҷаҳл, шурби хамр ва зуҳури зино аз ҷумлаи аломоти қиёмат аст. Агар равнақи ин амалҳоро дар сиришти инсони донишманд, сабаби камақлии инсон ва муҳаррибии  тартиби низоми олам бинанд, пас дар дигар ҳадисҳои пайғамбар (С), ки дар васфи илму дониш гуфтааст, аз ҷумлаи «Ҳар кӣ барои талаби илм дар роҳе қадам мениҳад, Худованд аз барои ӯ роҳе ба сӯи ҷаннат мекушояд» ё худ «Беҳтарини садақаҳо он аст, ки марди мусулмон илмро биомӯзад ва ба мусулмони дигаре таълим бидиҳад» тарғиби талаби пайвастаи илмро мо бардошт мекунем.

Барои пайғамбар (С) мақоми илм хеле баланд буда, бинобар ин мегуфт, ки «Ман фазилати илмро аз фазилати ибодат дӯсттар медорам». Мувофиқ ба ояти «Ҷоҳилонро ба олимон баробарӣ мумкин нест» – чӣ дараҷа дар назди Ҳудо ва пайғамбари ӯ иззати шараф доштани илм ва мартабаи баланд доштани уламои донишмандро метавон фаҳмид.

Яъне аз ҳамаи гуфтаҳои дар боло зикргардида бармеояд, ки дар ҳама вақту замонаҳо дини мубини ислом мардумро барои маърифату илмомӯзӣ ҳидоят менамуд ва аз ҷомеаи исломӣ барои илму маърифатомӯзӣ ба нафъу манфиати ҷамъият даъват ба амал меовард, на баҳри мухолифат бо дигар дину мазҳаб, миллату давлатҳои мухталиф ва ҷомеа, кинаву адоват, ифротгароӣ ва дигар корҳои бидъату барои ҷамъияту инсоният зарарнок.

Имрӯз низ ин андешаҳои арзишманд муҳимияти ҳудро гум накардаанд. Зеро таҳсили илм кардан, соҳибмаърифат ва соҳибкасб шудан, аз дастовардҳои илмиву теҳникии олами муосир воқиф гардида, ба манфиати худ ва рушди ҷамъият истифода бурдан барои ҳама инсонҳо новобаста аз ҷинсият, нажоду мазҳаб ва миллат  шарт ва ҳатмист. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати ҷумҳурӣ барои маърифатнок кардани фарзандони мардум тамоми тадбирҳоро андешида, қарору қонунҳои зиёдеро ҷиҳати ба ҳадаф расонидани мақсад ба тасвиб расонида, маблағгузориро нисбати рушду инкишофи соҳаи илму маориф ва дигар соҳаҳоро ба маротиб  зиёд намуда, масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро муваззаф ба он намуда, ки дар татбиқи онҳо мунтазам кӯшиш кунанд ва ба натиҷаҳои интизоридошта мушарраф шаванд.

 Ба вижа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нақши соҳаҳои маориф ва тандурустиро дар тарбия, солимии мардум ва соҳибмаърифатии онҳо арзишманд, самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ҳисоб кардааст. Моро дар замони имрӯзаи чаҳонишавӣ зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи омӯзиши касбу ҳунар, илму маърифат, ифтихори милливу ватандорӣ тарбия намуда, мувофиқ ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар машварати умумиҷумҳуриявии кормандони соҳаи маориф баргузор гашта буд ва  қайд намуда буд, ки “Вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар на танҳо ба дунё овардани тифл аст, балки қабл аз ҳама, тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанди комилу соҳибилму соҳибмаърифат мебошад”. Мутафаккири бузурги мо, яке аз маъруфтарин донишмандони чаҳони ислом Имом Ғаззолӣ низ хеле хуб таъкид намудааст: Агар кӯдак бар бадӣ тарбия  биёбад ва бидуни парастор фурӯ гузошта шавад, он гоҳ ӯ бадбахт гашта, ҳалок мешавад ва гуноҳ бар гардани тарбияткунандагон ва касонест, ки таълиму тарбияи ӯ вазифаи онҳо бувад”.  Дар такя ба ин гуфтаҳо моро зарур аст, ки фарзандон, ҷавонон ва насли имрӯзу фардои миллатро дар омӯхтани илму ҳунар, худшиносии миллӣ, омӯзиши арзишҳои диниву фарҳангӣ ва омӯхтани технологияи замонавӣ раҳнамун бисозем ва нагузорем, ки онҳо ба ҳар гуна ҷараёнҳои номатлуби ифротгароӣ ва дигар равияҳои зиддиятноки диниву гурӯҳӣ ва ғайра шомил гардида, ба  оромиву амнияти кишвар халал ворид созанд.

Ногуфта намонад, ки равияҳои салафиён ё ваҳҳобия, ки дар хориҷа хоҷагони худро доранд ва аз ҷониби онҳо баҳри вайронсозии системаҳои имрӯзаи давлатдорӣ ва ҷомеа мамблағгузорӣ карда мешаванд, дар аввалҳои асри ХХ пайдо шуданд, имрӯзҳо намоишкорона зидди равияи ҳанафӣ  ва ҷамъияту давлати имрӯза  ташвиқу тарғиб мебаранд  ва пас аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мафкураи ҷамъиятӣ як холигӣ ва ҳайроние пайдо шуд, хусусан дар ҷавонон ки онро  ин равия дарҳол пур намуд ва мақсади асосии онҳо ба амал овардани ихтилофу фитнаангезӣ  дар ҷомеа мебошад. Фаъолияти ин равия дар ҶТ манъ карда шудааст. Барои пур намудани халои фарҳангӣ ва маънавии ҷамъияти мо минбари ҳанафиро бояд эҳё намуд ва барои ин тамоми аҳли уламо, адаб ва динчиёни ҳанафимазҳаби созандаву некбинро баҳри  зиддият ба паҳнёбӣ ва ривоҷу равнақи ақидаҳои бегона дар ҷомеа бояд истифода намуд.     

Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки  рӯҳониён, мударрисон, аҳли уламои исломии Тоҷикистони имрӯза низ бояд аҳли ҷомеа, хусусан кӯдакону наврасон ва ҷавононро на танҳо ба парастиши дини мубини ислом ва тоату  ибодат, риоя намудани арзишҳои исломӣ ҳидоят намоянд, балки онҳоро ба омӯхтани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, маърифат, илму адаби на танҳо исломӣ, балки тамоми илми ҷаҳонии муосири мавҷуда, созандагӣ, дӯстиву рафоқат, аз он ҷумла бо дигар миллату қавмҳо, давлату мазҳабҳо, муносибати хубу созиши мазҳабиву миллӣ ва байниҳизбиву байни маҳаллҳо, эҳтироми дигар қавму миллату давлатҳо  ва дину мазҳабҳо, ташаккулдиҳии тафаккури некбинона, эҳтироми қонуну арзишҳои неки инсонӣ ва рафтор дар доираи қонунҳои  мавҷудаи муосир, омӯзиш ва татбиқи дастовардҳои илмии муосир ба ҳаёт ва истеҳсолоти имрӯзаи мамлакат, баҳри хуррамиву ободӣ ва рушду нумӯи фарҳангӣ-адабӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии миллату давлат, беҳбудии шароити зисту зиндагӣ ва маънавиёти  мардуми шарифи Тоҷикистон ҳидоят намоянд.

Бояд қайд намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф ва тандурустиро дар сиёсати имрӯзаи худ ниҳоят муҳим шуморида, пайваста барои пешрафти онҳо ғамхорӣ менамояд. Аз ин рӯ ҳар фарди ватандӯсту соҳибмаърифатро зарур аст, ки дар самти амалишавии нақшаву ниятҳое, ки барои равнақи илму маърифат ва рушди соҳаҳои гуногуну дигари ҷомеа мебошанд ва аз ин сиёсати комилан созандаву боадолати Ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, дар татбиқи амалии онҳо саҳмгузор бошанд.

Тамоми аҳли созандаи ҷомеа бояд якҷоя нисбати тағйир додани фарҳангу маънавиёти аҳолӣ, хусусан ҷавонон  кӯшиш ба харҷ диҳанд ва онҳоро ба роҳи дурусту ягонаи созандагӣ ҳидоят намоянд.

 

 



[1]

Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ. Инсон ва сарнавишт. – Душанбе, 2007. – С. 6.


[2]

Ниг. ба ҳамин асар. – С.6


[3]

Ниг.: Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ. Инсон ва сарнавишт. – С. 7.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...