Ширкати нави ҳавопаймоии Тоҷикистон дар рӯйхати сиёҳи ИА

Ширкати нави ҳавопаймоии дар Тоҷикистон амалкунанда – «Asian Express Airline» дар рӯйхати ширкатҳое пайдо шуд, ки таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор доранд. «Asian Express Airline» ҳамчун ширкати мутааллиқ ба соҳибкори эронӣ Бобак Занҷонӣ зикр мешавад. Дар ин рӯйхат тиҷоратҳои дигари соҳибкори эронӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ зикр мегардад. Тамоми тиҷорати соҳибкори бузурги эронӣ ҳанӯз […]

ASIA-Plus


Ширкати нави ҳавопаймоии дар Тоҷикистон амалкунанда – «Asian Express Airline» дар рӯйхати ширкатҳое пайдо шуд, ки таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор доранд.

«Asian Express Airline» ҳамчун ширкати мутааллиқ ба соҳибкори эронӣ Бобак Занҷонӣ зикр мешавад. Дар ин рӯйхат тиҷоратҳои дигари соҳибкори эронӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ зикр мегардад. Тамоми тиҷорати соҳибкори бузурги эронӣ ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби ИА ба «рӯйхати сиёҳ» ворид гардида буд.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Asian Express Airline» Сӯҳроб Оймаҳмадов дар ин робита изҳор намуд, ки ин ширкат ба Бобак Занҷонӣ ва тиҷорати ӯ ҳеҷ муносибате надорад.

Ба қавли ӯ, сабаби ба «рӯйхати сиёҳ»-и ИА шоимл гардидани ширкат ба ӯ маълум нест, зеро ширкат маҳз ҳавопаймоҳои истеҳсоли аврупоии Airbus А320 харидорӣ намуда, ахири соли гузашта ду адади он ба Душанбе оварда шудаанд ва дигар ҳавопаймоҳоро ҳам ширкат аз Аврупо дастрас хоҳад кард. «Дар робита ба ҷаноби Занҷонӣ бошад, ҳимоягтарони ӯ баҳри хориҷ кардани тиҷорати ӯ аз «рӯйхати сиёҳ» талош хоҳанд варзид, зеро таҳримҳои ИА нисбати ӯ беасос аст», – иброз дошт вай.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба Сарраёсати ҳавопаймоии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ширкати ҳавопаймоии «Asian Express Airline» хусусӣ буда, ҳавопаймоҳои истеҳсоли кишварҳои Ғарбро ба Душанбе интиқол додааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.