Мақомоти марбут ба бахши ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории минбаъдаи бештар пурсамар гуфтушунид доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, ҳафтаи равон намояндагони Кумитаи ҳавопаймоии шаҳрвандии Вазорати нақлиёт ва комуникатсияи Қазоқистон ба Душанбе омадаанд.
«Гуфтушунидҳо дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар масъалаи ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ, аз ҷумла хатсайри ҳавоии Душанбе-Остона-Душанбе ҷараён дошта, баррасии боз масоили зиёди муҳими дигар дар назар аст», – гуфтанд дар Вазорати нақлиёт.
Қобили зикр аст, ки феъалн хатсайри ҳавоии Душанбе-Алммато амал мекунад. Парвозҳо тавассути ин хатсайр аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» (ду маротиба дар як ҳафта) ва «Тоҷик Эйр» (як маротиба дар як ҳафта) ва ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии қазоқистонии «Эйр Остона» (се маротиба дар як ҳафта) анҷом дода мешаванд.


