Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи МН МО ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи ломбардҳо» баррасӣ шуд.
Ба гуфтаи котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов, қонуни мазкур бо мақсади танзими фаъолияти ломбардҳо дар кишвар аз ҷониби як гурӯҳи намояндагони мардумӣ таҳия шудааст.
«Ломбардҳои имрӯз дар кишвар фаъолиятдошта дар фаъолияти худ меъёрҳои Кодекси граждании ҷумҳуриро истифода мекунанд, ки тамоми меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳамарӯзаи онҳоро фарогир нест», – иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, лоиҳаи қонуни мазкур ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи 27-уми феврал доир мегардад, ворид карда шудааст.
Номбурда афзуд, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» ва «Дар бораи ипотека» низ баррасӣ шудаанд.



