Ташрифи як ҳайати Вазорати нақлиёти Қирғизистон ба Душанбе


Як ҳайати кишвари ҳамсояи Қирғизистон таҳти сарварии муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон Келдибек Ибраев пагоҳ, 26-уми феврал бо сафари серӯзаи корӣ ба Душанбе меояд.

Қаблан

сафорати Тоҷикистон дар Бишкек

иттилоъ дода буд, ки ахири моҳи феврали соли равон як гурӯҳи коршиносони Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон ҷиҳати баррасии масоили ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар бахши нақлиёт ба Душанбе меоянд.

Зикр гардида буд, ки дар мулоқоти намояндагони Вазорати нақлиёту коммуникатсияи кишвари ҳамсоя бо ҳамтоҳои тоҷики худ баррасии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба мухобироти байнулмилалии автомобилӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное