Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Date:


Бо мақсади иҷрои қарори ҳукумати кишвар оид ба амалисозии Барномаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, чанде қабл дар Душанбе ҷаласаи нахусти Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Азиз Солиев иттилоъ дод, дар ҷаласа кормандони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони макотиби олии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ба қавли ӯ, дар ҷаласа масоили ба роҳ мондани омӯзиши асосҳои ҳуқуқи инсон дар макотиби олӣ ва муассисаҳои махсуси таълимии Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳияи барномаи таълимии омӯзиши асоҳои ҳуқуқи инсон дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related