Фаъолияти беш аз 1,5 ҳазор занон дар мақомоти милисаи тоҷик

Date:


Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи модар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ занони машғул ба фаъолият дар макомоти корҳои дохилиро табрик намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз дар сафҳои мақомоти милисаи тоҷик беш аз 1,5 ҳазор нафар занон фаъолият дошта, 9 нафари онҳо соҳиби рутбаи полковник ва 71 нафар подполковник мебошанд.

«Аз ҷумла, сармушовири вазири корҳои дохилии ҶТ оид ба ҳамкории байнулмилалӣ Лола Отабоева, муовини сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалӣ Зумрад Солиева, муовини сардори Хадамоти назорати баҳисобгирии шиносномавӣ Екатерина Смолякова ва дигарон соҳиби рутбаи полковник мебошанд», – гуфтанд дар ВКД.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, дар маҷмӯъ 87 нафар занон аз вазифаи сардори шӯъбаҳо то муовинони сардори раёсатҳо мансабҳои роҳбариро ба уҳда доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори занон дар сохтори ВКД рӯз то рӯз зиёдтар мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...