Оғози кори мизи гирди «Нақши масҷид дар ҷомеаи Тоҷикистон»

Date:


Дар дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе таҳти унвони «Нақши масҷид дар ҷомеаи Тоҷикистон» кори мизи гирд шурӯъ шуд.

Чорабинӣ аз ҷониби медиа-холдинги «Азия-Плюс» бо дастгирии САҲА созмон дода шуда, ҳадафи аслии вохӯрӣ муайян кардани нақши масҷидҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон, арзёбии фаъолияти онҳо дар масоили пешгирии афзоиши тундгароӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеа ва мушаххас намудани кӯмаки ҷомеа ба имом-хатибон дар ин самт аст.

Дар кори мизи гирд олимони маъруф, коршиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...