Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 14 то 23-юми майи соли равон дар пойтахт чорабинии Даҳрӯзаи ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, чорабинӣ дар доираи ҷашни Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола санаи 23-юми май таҷлил мегардад, доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ баргузории мизҳои гирд, мусобиқоти варзишӣ, вохӯриҳои ҷавонон бо насли калонсол дар назар аст.
Ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, рӯзи 23-юми май вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.


