Дарвоз: Дарёфти ҷасади наврас баъди 18 рӯз

Date:


Ҷасади толибилми синфи 8-уми ноҳияи Дарвоз Парвиз Вазирбеков, ки бо сабабҳои номаълум рӯзи 1-уми май фавтида буд, ахири ҳафтаи гузашта дар дарёи Панҷ, чанд километр дуртар аз ҷойи ҳодиса дарёфт гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ТҶ  «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» Манучеҳр Холиқназаров хабар дод, акнун баҳри муайян кардани сабаби ҳалокати наврас ташхис гузаронида мешавад.

Аз рӯи ин далел ду нафар марзбонон, хизматчиёни қисмиии низомии мустақар дар Қалъаи Хумб боздошт шуданд.

Толибилми синфи ҳаштум, сокини ноҳияи Дарвоз Парвиз Вазирбеков мудом бо сарбозони қисми низомӣ дар робита буда, ба ивази сӯзишворӣ онҳоро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин мекард. Муомилоти навбатии шоми 1-уми май барои ӯ фоҷеабор анҷомид.

Қаблан Галимат Аҳмедов, ки ба ҷониби ҷабрдида кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки муфаттишон сабаби марги ноболиғро таҳқиқ доранд, вале бештар бар ин назаранд, ки сарбозон аз тарси ошкор нашудани муомилоти ғайриқонуниашон бо маводи сӯзишворӣ, кӯдакро дар зарфи дорои сӯзишворӣ пинҳон карда, ӯ дар онҷо нафасгир ва ба ҳалокат расидааст.

«Баъди рафъи хатари ошкор гардидан сарбозон омада сарпӯши зарфро мекушоянд, вале кӯдак аллакй фавтида буд ва ҷасади ӯро онҳо ба дарё мепартоянд. Ҷасади кӯдак то ҳанӯз дарёфт нашудааст», – зикр кард Аҳмедов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...