Мувофиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», ки дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи болоии парлумон тасдиқ шуд, ҳукумати Тоҷикистон ба маҳдуд кардани ҳаҷми гардиши асъори хориҷӣ дар қаламрави кишвар ҳуқуқ пайдо мекунад.
Ба гуфтаи вакили МММО ҶТ Саймурод Тағоев, дар сурати босуръат поин рафтани қурби асъори миллӣ – сомонӣ ва бартараф сохтани таҳдидҳои пайдошуда ба иқтисоди миллӣ, ҳукумат метавонад аз ин ҳуқуқ истифода барад. «Аммо муҳлати маҳдудиятҳое, ки ҳукумат дар ҳолатҳои зикршуда истифода мекунад, набояд аз шаш моҳ зиёд бошанд», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 24-уми апрели соли равон палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи қонуни аз ҷониби сарвари давлат пешниҳодшуда «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро тасдиқ намуд.
Ба гуфтаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дурнамои сиёсати моливу қарзии кишвар бо назардошти узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ҳамчунин вазъи воқеӣ дар иқтисод, молия ва низоми амалиёт бо асъор ва савдои хориҷӣ таҳия шудааст.



