Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент шинос шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар марҳилаи кунунӣ ба ин кор 120 адад техникаю механизмҳои гуногун, аз ҷумла мошинҳои боркаш, мошинҳои обпошӣ, булдозеру экскаватор ва ғелак сафабар шуда, 30 адад техникаи нави дигар рӯзҳои наздик ба ин ҷо расонда мешавад.
Сарвари давлат аз суръати навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент изҳори норозигӣ карда, супориш дод, ки барои ислоҳи ин ҳолат кор якбора дар зиёда аз 10 қитъаи роҳ ташкил карда шавад. Таъкид гардид, ки то охири соли равон бояд 40% корҳо анҷом дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки 90% мутахассисону коргарон бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама аз аҳолии маҳаллӣ бошанд.
Хотиррасон гардид, ки дарозии ин роҳ 113 км буда, 10 км-и дохили шаҳри Панҷакент иборат аз 4 хатти ҳаракат ва боқимондаи роҳ аз 2 хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии роҳи духата 7 метр хоҳад буд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Барги гул ташриф оварда, бо кори намунавии аҳли заҳмати он шинос шуд. Аз иттилои роҳбари хоҷагӣ Абдурраҳмон Суюнов маълум шуд, ки хоҷагӣ дорои 43 га замини корам, аз ҷумла 12 га обӣ ва 64 саҳмдор буда, асосан бо парвариши ғалладона ва картошкаю дигар сабзавот машғул аст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ умед доранд аз замини картошкаи барвақтӣ 400 сентнерӣ ва гандум 60 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он такроран дигар зироатҳоро кишт намоянд. Деҳқонони хоҷагӣ талош доранд, ки аз ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода баранд, аз ҷумла тавассути васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бахши картошкапарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошт, ки аз имкону захираҳои фаровон барои зиёд намудани майдонҳоии кишти ин зироат, афзун намудани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли картошка бояд васеъ истифода карда шавад.
Зимни боздид аз қисми низомии 05170-и Вазорати мудофиаи кишвар дар шаҳри Панҷакент Эмомалӣ Раҳмон бо шароити барои афсарону сарбозон муҳайёгардида бевосита шинос шуда, ба вазъи омодагии касбӣ ва ҳарбии онҳо мароқ зоҳир намуд.
Дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент президенти кишвар бо 55 нафар писари духтарони ятим, ки аз падар ва модар маҳрум мондаанд, мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.



