Суғд: Боздошти як зан бо 8 кило маводи мухаддир


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир як зани 53-сола боздошт шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, амалиёти боздошт аз ҷониби кормандони ШВКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд. «Сокини шаҳри Хуҷанд Сафархонум Мирҷонова бо 8 кило маводи мухаддир – беш аз 6 кило ҳашиш ва ҳудуди 2 кило героин боздошт шуд», – итттилоъ медиҳад ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное