Таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдат дар фурудгоҳи пойтахт

Date:


Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бахшида ба ҷашни Рӯзи «Ваҳдати миллӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ҷамъомад кормандони фурудгоҳ, собиқадорони меҳнат, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт иштирок карданд.

«Дар чорабинӣ оид ба мавзӯъҳои «Таърихи истиқрори сулҳ», «Ваҳдати миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Таҷрибаи ҷаҳонӣ кашф кардани сулҳи тоҷикон» ва «Имрӯзи кишвар» маърӯзаҳо карда шуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли М.Шодиев, дар боби «Хотираҳо» собиқадорони соҳаи авиатсия оид ба рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он, раванди ба сулҳи комил расидан ёдовар шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар охири ҷамъомад якчанд нафар кормандони Фурудгоҳи Душанбе ботантана ба аъзогии ҲХДТ қабул карда шуданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...