Ҳамрохон Зарифӣ таваҷҷӯҳи иштирокдорони ШВКХ СҲШ-ро ба мушкилоти минтақа ҷалб кард

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 13-уми июл дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок дошт. Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, зимни ҷаласаи мазкур дар баробари тасдиқ намудани маҷмӯи санадҳо ҷиҳати имзои онҳо дар ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони […]

Азия-Плюс


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 13-уми июл дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок дошт.

Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, зимни ҷаласаи мазкур дар баробари тасдиқ намудани маҷмӯи санадҳо ҷиҳати имзои онҳо дар ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ, равандҳои асосӣ дар ҷаҳон, рушди минбаъдаи мавқеи Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун сохтори муҳими байналмилалӣ ва тавсеаи муносибатҳои Созмон бо дигар иттиҳодияҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар баромади худ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи иштирокчиёнро ба чунин масъалаҳои муҳим, ба монанди таъмини амнияту субот дар минтақа, мубориза алайҳи терроризм, экстримизми сиёсӣ, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкории СҲШ ва СММ дар самти Афғонистон, робитаҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаҳои энергетика, коммуникатсияи нақлиётӣ ва ғайра ҷалб кард.

Роҷеъ ба масоили Афғонистон Ҳ. Зарифӣ таъкид сохт, ки раванди истиқрори сулҳ ва барқарорсозӣ дар Афғонистон таҳти роҳбарии халқи Афғонистон бояд тезонида шавад ва маҷмӯи чораҳои ҳамкории васеъ бо СММ ва шарикони СҲШ андешида шавад, ки ин ҳамкорӣ бо онҳо ҷиҳати барҳам додани тамоюли хатарноки мавҷуда дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар самти ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ қайд карда шуд, ки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба диверсификатсияи иқтисодиёт, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, инкишофи соҳаи хусусӣ ва рушди инсонӣ равона шудааст.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин иброз дошт, ки дар ояндаи наздик кӯшишҳои муштаракро бояд барои рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика ва коммуникатсияи нақлиётӣ, ташкили шароитҳои устувор барои тиҷорат ва сармояи муштарак муттамарказ намуд. Зарур аст, ки корҳо дар самти таъмини шароит барои ҳамлу нақли автомоблии байналмилалӣ идома дода шаванд.

Зарифӣ таваҷҷӯҳи ҳамтоёни худро ба ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи кишоварзӣ, ки нақши муҳимро дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа иҷро мекунад, ҷалб намуд. Ӯ аз ҷумла, пешниҳоди зарурати созмондодани механизми ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқавориро дар фазои СҲШ дастгирӣ кард.

Бо назардошти аҳамияти ҷаҳонӣ доштани ҳамкорӣ дар соҳаи об ва зарурати истифодаи оқилонаи захираҳои обии минтақа, Вазири корҳои хориҷӣ аз намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки моҳи августи соли равон дар шарҳи Душанбе барпо мегардад, даъват ба амал овард. Инчунин таъкид карда шуд, ки зимни кори ин Конфронс бояд назари умумии консептуалӣ роҷеъ ба проблемаҳои мавҷудаи об дар минтақа таҳия гардад. Ҳамзамон Ҳ. Зарифӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша барои муколама роҷеъ ба ин мавзӯъ омода аст.

Дар анҷоми баромади худ, Вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон хотиррасон кард, ки иҷрои ҳатмии ӯҳдадориҳо аз ҷониби давлатҳои аъзо, ки аз Хартияи СҲШ бар меояд, талаботи тағйирнопазири ҳамкории давлатҳои аъзо боқӣ мемонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.