Дар зарфи 6 моҳи соли равон 8 нафар занони маскуни шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб ба амалҳои ғайриқонуние асосан ба дуздиву қаллобӣ даст зада, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи кор бо занони мақомоти шаҳрдории Кӯлоб Саида Нурляминова дар ин робита хабар дод, чанде қабл зимни мулоқот бо занону духтарони маҳаллаи бузурги аҳолинишини ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб маҳз ба ҳамин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
«Ин ва дигар мисолҳои амалҳои ғайриқонунии модарон, ки ба тақдири кӯдакон таъсири манфӣ мегузоранд, дар робита ба муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд», – зикр кард номбурда.
Бо такя ба маълумоти Раёсати Шӯрои адлияи ҶТ дар вилояти Хатлон, Нурляминова иттилоъ дод, ки тайи солҳои ахир сабти парвандаҳои марбут ба амалҳои ғайриқонунии занон дар минтақаи Кӯлоб тамоили афзоишро касб кардааст.
«Барои мисол, соли 2011 дар суди шаҳри Кӯлоб нисбати 6 нафар занон парвандаҳо баррасӣ шуда, соли 2012 шумори ин гуна парвандаҳо аллакай ба 10 адад расид ва танҳо дар зарфи 6 моҳи соли равон он аллакай 8 парвандаро ташкил медиҳад», – мегӯяд ӯ.
Ба қавли Нурляминова, чунин вохӯриҳо дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои ноҳияи Кӯлоб баргузор хоҳанд шуд.



