Айбномаи нави Агентии зиддифасод нисбати Зайд Саидов

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия айбномаҳои нав нисбат ба Зайд Саидов оид ба таҷовуз ба номуси ноболиғро шарҳ дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентӣ, рӯзи 16-уми июл нисбати Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти […]

ASIA-Plus


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия айбномаҳои нав нисбат ба Зайд Саидов оид ба таҷовуз ба номуси ноболиғро шарҳ дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентӣ, рӯзи 16-уми июл нисбати Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Гуфта мешавад, ба Агентӣ ноболиғ шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намудааст, ки Саидов З.Ш. ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Зимни баррасии аризаи мазкур муайян карда шудааст, ки Саидов З.Ш., моҳи апрели соли 2008, дар шаҳри Душанбе, дидаю дониста, ки шаҳрванд «А» ноболиғи 14 сола буда, толибаи синфи 7-ум мебошад, бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нӯшокии мадҳушкунанда беҳуш карда, аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода ва ба номусаш таҷовуз мекунад.

«Ҳамин тавр, Саидов З.Ш. аз сарватмандию дороии худ истифода намуда, ба тақдири минбаъдаи ноболиғ «А» бе эътиноии маҳз зоҳир намуда, аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода карда, бо роҳи таҳдиди зӯроварӣ, мунтазам алоқаи ҷинсӣ карданашро бо ӯ давом медиҳад. Дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Саидов З.Ш. бо шаҳрванд «А», номбурда се маротиба ҳомиладор мешавад. Саидов З.Ш. бо мақсади он, ки кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат шаҳрванд «А»-ро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд», – баён мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти Агентӣ.

Дар идома зикр мегардад, ки аз ин ҳолати ногувори шаҳрванд «А» модари ӯ огаҳӣ пайдо карда, бо Саидов З.Ш. вомехӯрад, ки дар натиҷа Саидов З.Ш. барои гумроҳ намудани модари шаҳрванд «А» ба модари ӯ ваъда медиҳад, ки оид ба ин воқеъа ба касе хабар надиҳад ва худи Саидов З.Ш. духтари ӯро ба занӣ гирифта, шароити зиндагонии ӯро таъмин мекунад ва Саидов З.Ш. ӯро тарсонида, таҳдид менамояд, ки дар акси ҳол онҳо нисбати ӯ чора андешида наметавонанд ва худро бе обрӯ месозанд.

Сипас Саидов З.Ш. бо мақсади он, ки кирдорҳои ғайриқонунии ӯ ошкор нагардад, моҳи августи соли 2012 шаҳрванд «Б»-ро 1300 доллари америкоӣ дода, боз ба ӯ маблағи пулии зиёд ваъда карда, ба издивоҷ кардан бо шаҳрванд «А» моил менамояд ва ба ӯ ваъда медиҳад, ки дар сурати розӣ кунонидани шаҳрванд «А» ва оила барпо карданашон, барои онҳо аз ҳисоби худаш ҳавлии истиқоматӣ харида, тӯйи домодию арӯсии онҳоро бо дараҷаи олӣ дар беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе мегузаронад.

Шаҳрванд «А» аз ин нияти ғаразноки Саидов З.Ш. огаҳӣ пайдо карда, бо сабаби он, ки духтурони гинеколог ба ӯ тавсия додаанд, ки баъди барзиёд анҷом додани исқоти ҳамл мумкин аст, ки ӯ бе зуриёт шавад, бинобар ин, баъди маротибаи чорум ҳомиладор шуданаш аз Саидов З.Ш. пинҳон шуда, фарзанд таваллуд мекунад, ки ин фарзанди ӯ ҳоло семоҳа мебошад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи ҷониби ҳимояи Саидов, ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо модари «А», ки рӯзи 16-уми июл баргузор шудааст, Саидов комилан шиносоии худ бо ин занро рад карда, худи духтари ноболиғ алҳол ҳозир нашудааст.

Ба қавли ҳимоятгар Исҳоқ Табаров, сарфи назар ба ҳамаи душвориҳо, то пешниҳоди ин айбномаҳо Саидов болидарӯҳ буд, лекин ҳоло хеле озурдахотиру ноумед аст. «Ӯ интизорӣ надошт, ки кор то ба ин ҳадд мерасад ва баъди ин айбномаҳо худаш дарк намуд, ки мақсад чист», – зикр кард адвокат.

Коршиносон бар ин назаранд, ки айбномаҳои нав нисбати Зайд Саидов метавонанд сохташуда ва баёноти ин занон бардурӯғ бошанд, зеро тибқи айбномаҳои пешин заминаи исбот мавҷуд нест ва аз ин рӯ, тафтишот маҷбур аст, ки «ҷиноятҳо»-и нав «ошкор созад»-у ба ӯ пешниҳод намояд. Ва пешниҳоди айбномаҳои наве, ки хусусияти ҷиноятҳои мансабӣ надоранд, ба манфиати онҳост ва он ҷо агар ҳатто далелҳо ҳам вуҷуд дошта бошанд, яқинан дигар мансабдорони баландмақом низ дохил мешаванд. Дар ин маврид айбнома оид ба «Тоҷикатлас» мисол шуда метавонад, ки дар он мансабдорони воломақоми дигар низ номбар мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.