Ширкати Vinci ба фаъолият дар Тоҷикистон густариш бахшиданист

Дар вохӯрии чанде қабли раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва намояндагони ширкати «Винси Конструксион Гран Проже» (Ҷумҳурии Фаронса) таҳти сарварии директори минтақави Осиёи Марказӣ Игор Горвис доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумита, сараввал дар бораи рафти […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии чанде қабли раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва намояндагони ширкати «Винси Конструксион Гран Проже» (Ҷумҳурии Фаронса) таҳти сарварии директори минтақави Осиёи Марказӣ Игор Горвис доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумита, сараввал дар бораи рафти корҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сохтмони терминали навӣ фурудгоҳи байналмилалии ш. Душанбе» ва ширкати худ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, меҳмонон вобаста ба масъалаҳои пойгоҳи қонунгузории фаъолияти сармоягузорӣ ва фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, кафолат ва имтиёзҳои барои сармоягузорони хориҷӣ мавҷуда ва лоиҳаҳои, ки ширкати фаронсавӣ метавонад дар он иштирок намояд, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Раиси Кумита ҳангоми суҳбат дар бораи сайъу кўшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтаргардонии фазои сармоягузории кишвар, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мавриди татбиқ қарордошта, сармоягузории мустақими хориҷӣ ва фаъолияти дигар ширкатҳои хориҷӣ, аз он ҷумла фаронсавӣ ва доир ба самтҳои эҳтимолии фаъолият ва лоиҳаҳое, ки ширкат метавонад дар он иштирок кунад, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Инчунин доир ба кафолат ва имтиёзҳои аз ҷониби давлат ба сармоягузорон пешниҳодгардида ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли охир маълуомоти зарурӣ дода шуд.

Ҷониби фаронсавӣ кушишҳои давлати Тоҷикистонро ҷиҳати ҳар чи бештар ҷалб намудани сармоягузории хориҷӣ баланд арзёби намуда ҷиҳати пешбурди фаъолият дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори ҳавасманди намуданд.

Дар навбати худ раиси Кумита аз ҳамкорӣ бо ширкати мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сохтмони терминали навӣ фурудгоҳи байналмилалии ш. Душанбе» изҳори қаноатмандӣ намуда, шарикони хориҷиро доир ба омодагии ҳамаҷонибаи Кумита ҷиҳати дастгирии фаъолияти ширкат дар дигар самтҳо низ баҳри ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд итминон карданд.

Қайд кардан зарур аст, ки ширкати фаронсавии номбаршуда яке аз ширкатҳои пешсафи дунё дар соҳаи консессия ва сохтмон буда, зиёда аз 100 сол тариқи тарҳи интеграционии «Конссесиядор – Пудратчии генералӣ» фаъолият менамояд. Ширкат 183 ҳаз. корманд дар зиёда аз 100 давлат фаъолиятро оид ба таҳияи лоиҳаҳо, сохтмон, сармоягузорӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, сохтмони биноҳои истифодабарии иҷтимоӣ ва шахсӣ, ободонии масоҳатҳои шаҳрӣ, системаҳои таъминоти об ва барқ, шабакаҳои муҳандисӣ амалӣ карда истодааст. Гардиши сармояи ширкат 37 млрд. Евро мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.