Воридоти тамоми ҳаҷми соли гузаштаи гази моеъ дар нимсолаи аввал

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», ки ҳар моҳ дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ таҳия мегардад, гуфта мешавад, нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 84 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки нисбат ба тамоми ҳаҷми соли гузаштаи воридоти гази моеъ 2,8 […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», ки ҳар моҳ дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ таҳия мегардад, гуфта мешавад, нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 84 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки нисбат ба тамоми ҳаҷми соли гузаштаи воридоти гази моеъ 2,8 ҳазор тонна бештар аст.

Дар гузориш зикр мегардад, ки моҳи гузашта ба ҷумҳурӣ ҳудуди 12 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми моҳи май қариб 2 ҳазор тонна камтар аст. Миқдори аз ҳама зиёди воридоти гази моеъ ба моҳи март (беш аз 32 ҳазор тонна) рост меояд ва ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 9,7 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ворид гардида буд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ба ҷумҳурӣ гази моеъ тариқи роҳи оҳану автомобилгард асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Таъкид мегардад, ки бинобар сабаби гаронии бензин, ҳоли ҳозир беш аз 40%-и нақлиёти автомобилии кишвар ба истифодаи гази моеъ ба сифати сӯзишворӣ гузаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 183 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 20 ҳазор тонна бештар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.