Заргарони тоҷик ба Китоби рекордҳои Гиннес довталабӣ доранд

Заргарони тоҷик ният доранд, ки соати кабинетии «Ҳисор-3000»-ро, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 3000-солагии ноҳияи Ҳисор сохта мешавад, барои номнавис шудан дар Китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кунанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» заргар-кандакор Михаил Галанов хабар дод, соати мазкур ҳамчун ягона маснӯоти заргарӣ дар саросари ҷаҳон аз нуқраи озмоиши дараҷаи 900 ва сайқалдодашуда бо […]

Меҳрангез Турсунзода


Заргарони тоҷик ният доранд, ки соати кабинетии «Ҳисор-3000»-ро, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 3000-солагии ноҳияи Ҳисор сохта мешавад, барои номнавис шудан дар Китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кунанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» заргар-кандакор Михаил Галанов хабар дод, соати мазкур ҳамчун ягона маснӯоти заргарӣ дар саросари ҷаҳон аз нуқраи озмоиши дараҷаи 900 ва сайқалдодашуда бо 3 ҳазор лаъли кабуд бо вазни умумии 3 ҳазор унсияи сегона (тақрибан 93 килову 300 грамм) метавонад ба Китоби рекордҳои Гинес дохил гардад.

Ба қавли ӯ, айни замон маснӯоти тайёри заргарӣ бо 2,5 ҳазор сангҳои қиматбаҳо рекордӣ шуморида мешавад. «Зимни бунёди пояи соат гудохтаи нафис аз тилои озмоиши дараҷаи 900 бо вазни умумии 3 ҳазор грамм истифода хоҳад шуд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, баландии соат 1,6 метр ва бараш 1,2 метрро ташкил дода, маблағи лоиҳа 600 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Фармоишгар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор аст.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 3000-солагии ноҳияи Ҳисор ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат таҳия ва тасдиқи логотипи рекорди заргарӣ, нишони шаҳри Ҳисор, медали ҷашнии «Ҳисор-3000»ва ҳамчунин медалҳои «Сокини фахрии Ҳисор», «Меҳмони фахрии Ҳисор», медалҳои хотиравии «Ҳисор-3000», нишонаи «Ҳисор-3000» ва дигар маснӯоти ҷашнӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.