Суди олии иқтисодӣ ду парвандаи ширкатҳои хориҷиро баррасӣ кард

Нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби Суди олии иқтисодии ҶТ ду парванда бо иштироки ширкатҳои хориҷӣ баррасӣ шуд. Зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансуров дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра даъвои корхонаи муштараки «Таком Голд»-и Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи ширкати чинӣ оид ба сармоягузорӣ ва рушди «Сзиан ЛТД» дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби Суди олии иқтисодии ҶТ ду парванда бо иштироки ширкатҳои хориҷӣ баррасӣ шуд.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансуров дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра даъвои корхонаи муштараки «Таком Голд»-и Тоҷикистону Қирғизистон алайҳи ширкати чинӣ оид ба сармоягузорӣ ва рушди «Сзиан ЛТД» дар бораи бекор кардани шартномаи тиҷоратӣ миёни ҷонибҳо ва аризаи даъвогии КВД «Белтранс» (Минск) нисбат ба соҳибкори инфиродӣ дар бораи рӯёнидани беш аз 2,2 мл. $ ба фоидаи даъвогар баррасӣ ва рад карда шудааст.

«Айни замон боз чор парванда бо иштироки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла даъвои ҶДММ «Венстранстрой» (Маскав) дар бораи рӯёнидани беш аз 565 млн. сомонӣ аз ҶСК «НОБ Сангтӯда-1», даъвои корхонаи муштараки «Техноэнергокомплекс»-и Тоҷикистону Русия нисбат ба ҶДММ «Торговый дом Маниевский» ва ҶДММ «Проект»-и вилояти Ивановои Русия оид ба рӯёнидани зиёни моддӣ дар ҳаҷми ҳудуди 283 ҳазор $ ва аризаи даъвогии ҶСК «Межрегиональный Транзит Телеком» (Маскав) дар бораи рӯёнидани қарз дар ҳаҷми беш аз 2,7 млн. $ аз ширкати фароҳамсози Интернети «Сатурн-Онлайн»-и Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад», – иброз дошт раиси Суди олии иқтисодии ҶТ.

Дар ҳамин ҳол, Мансуров таъкид дошт, ки аз ҷониби Суди олии иқтисодӣ ба Суди иқтисодии Душанбе аризаи даъвогии намояндаи ваколатдори Ҳасан Асадуллозода (раиси ҶСК «Ориёнбонк») нисбат ба шаҳрванди Қирғизистон Шербаков ва КМ «Таком Голд» ирсол шудааст, ки феълан баррасӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.