Вазорати кишоварзӣ: Майдони кишти пахта тадриҷан коҳиш меёбад

Зимни нишасти хабарӣ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Суюнхон Рустамов изҳор намуд, ки майдони кишти пунбадона дар Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад, зеро бахши кишоварзии кишвар ба парвариши зироати навъҳои ҳархела мутобиқ гардонида мешавад. «Яке аз сабабҳо поинравии нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Агар солҳои 2009-2010 нархи як тонна нахи пахта 5 ҳазор доллари ИМА-ро […]

Заррина Эргашева


Зимни нишасти хабарӣ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Суюнхон Рустамов изҳор намуд, ки майдони кишти пунбадона дар Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад, зеро бахши кишоварзии кишвар ба парвариши зироати навъҳои ҳархела мутобиқ гардонида мешавад.

«Яке аз сабабҳо поинравии нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. Агар солҳои 2009-2010 нархи як тонна нахи пахта 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод, пас имрӯз он то 1 ҳазору 700 доллари ИМА поин рафтааст. Айни замон пахта бо ҳамин нарх фурӯхта шуда, дар он пардохтҳои андоз ва хароҷоти ҳамлу нақл ба инобат гирифта нашудаанд», – шарҳ дод номбурда.

Рустамов гуфт, коҳиши  майдони кишти пахта маънои онро надорад, ки Тоҷикистон комилан аз парвариши пунбадона даст мекашад, зеро он зироати стратегӣ барои ҷумҳурӣ буда, ҷиҳати кашфу парвариши навъҳои нави пунбадона, ки дар майдони кишти начандон бузург ҳосили зиёд медиҳанд, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд.

«Тайи 2 соли ахир майдони кишти пунбадона аз 200 ҳазор то ба 191 ҳазор гектар кам шуданд. Дар Тоҷикистон заминҳои кишт начандон зиёд буда, ҳарчанд ҳамасола 1,5 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд шаванд ҳам, ин нокофист», – гуфт ӯ ва зикр намуд, ки муддати 6-7 соли ахир Вазорати кишоварзӣ ба масъалаи интихоби кишти навъи маҳсулот аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ дахолат накардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар ба маблағи умумии 3 млрд. 845,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 12,1% зиёдтар аст. Суръати афзоиш дар бахшҳои рустанипарвариву чорводорӣ мутаносибан 18,3 ва 6,2%-ро ташкил додаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.