ВКД: Аз оғози сол 4 узви гурӯҳи Мулло Абдулло боздошт шуданд

Нимсолаи аввали соли равон кормандони милиса 4 узви гурӯҳи ҷиноятпешаи Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло)-ро боздошт намуданд, ки дар содир намудани 11 ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра кормандони ВКД ҳамчунин 12 узви созмони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, […]

Аваз Юлдошев


Нимсолаи аввали соли равон кормандони милиса 4 узви гурӯҳи ҷиноятпешаи Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло)-ро боздошт намуданд, ки дар содир намудани 11 ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра кормандони ВКД ҳамчунин 12 узви созмони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 11 узви созмони «Ансоруллоҳ», се тан аз аъзои ҷамъияти «Ҷундуллоҳ» ва як нафар аъзои созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро низ дастгир намудаанд.

Вазир зикр кард, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ 10 ҳазору 361 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10% бештар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.