Иштироки омӯзгорони тоҷик дар Рӯзи байнулмилалии забони олмонӣ дар Италия

Се нафар омӯзгорони забони олмонии Тоҷикистон дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии забони олмонӣ дар шаҳри Болтсанои Италия ширкат меварзанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону Олмон» Хайрулло Сафаров иттилоъ дод, ин се нафар – омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви ҷамъияти зикршуда Матлуба Бобоева ва ҳамчунин омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Раҳматулло Кӯчов […]

ASIA-Plus


Се нафар омӯзгорони забони олмонии Тоҷикистон дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии забони олмонӣ дар шаҳри Болтсанои Италия ширкат меварзанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону Олмон» Хайрулло Сафаров иттилоъ дод, ин се нафар – омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви ҷамъияти зикршуда Матлуба Бобоева ва ҳамчунин омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Раҳматулло Кӯчов ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Юсуф Собиров мебошанд, ки курсҳои омӯзиши забони олмонӣ ва фарҳанги Австрия барои омӯзгорони забони олмонӣ дар Тоҷикистонро муваффақона хатм намудаанд.

«Дар машғулиятҳои курси омӯзишӣ 10 нафар омӯзгорони забони олмонӣ иштирок карда, машғулиятҳоро магистри Донишкадаи олмоншиносии Донишгоҳи Вена Биргит Блаунштайнер роҳбарӣ кард. Имрӯз маросими супурдани сертификатҳо доир мегардад», – зикр кард Сайфуллоев.

Ба қавли ӯ, зимни сафар ба Италия омӯзгорони тоҷик муддати як ҳафта дар шаҳри Вена қарор дошта, дар курсҳои тобистонаи омӯзиши забон ва фарҳанги Австрия иштирок мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки мутобиқи қарордод миёни Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону Олмон» ва Вазорати маорифу фарҳанги Австрия, соли 2014 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Австрия барпо мешаванд ва дар доираи он баргузории машғулиятҳои омӯзишии филологҳои олмонӣ, намоишгоҳҳои гуногун, тамошои кинофилмҳо ва сафари олимони австриягӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.