Муҷозот барои истисмори меҳнати кӯдакон пурзӯр мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи муқаррар кардани номгӯи корҳо барои шахсони синнусоли аз 18-сола поин ва меъёри бардоштан ва интиқоли вазн барои онҳоро барррасӣ дорад. Дар сурати қабули он ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунгузорӣ, аз ҷумла ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди далелҳои истисмори меҳнати кӯдакон имкон пайдо мешавад. Зимни нишасти хабарии рӯзи […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи муқаррар кардани номгӯи корҳо барои шахсони синнусоли аз 18-сола поин ва меъёри бардоштан ва интиқоли вазн барои онҳоро барррасӣ дорад. Дар сурати қабули он ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунгузорӣ, аз ҷумла ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди далелҳои истисмори меҳнати кӯдакон имкон пайдо мешавад.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 18-уми июл сардори Хадамоти назорати меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Наврӯз Самадов дар ин робита изҳор кард, ки лоиҳаи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, дар сурати қабули он, амалисозии минбаъдаи лоиҳаро Вазорат пурра таҳти назорати худ мегирад.

Ба қавли номбурда, дар сурати қабули қарор ва тағйирот дар қонунгузорӣ оид ба далелҳои истисомри меҳнати кӯдакон, минбаъд ҳам волидайн ва ҳам корфармо барои истифодаи ғайриқонунии меҳнати кӯдакон ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

«Мо ҳамчунин бояд бидонем, ки бо назардошти вазъи иқтисодии Тоҷикистон, аксари ҷавонони синнусоли то 18-сола кӯшиш мекунанд, ки аз нигоҳи молиявӣ мустақил бошанд. Таҳқиқоти мо гувоҳи онанд, ки аксари онҳо бидуни огаҳии волидайн ба кор машғул шуда, ҳолатҳое низ мавҷуданд, ки аз ин вазъ корфармо сӯистифода мекунад. Дар аксари ҳолатҳо кӯдакон бо хоҳиши худ дар нуқтаҳои шустушӯйи мошин, коргоҳу мағоза ва қаҳвахонаҳо кор мекунанд», – гуфт Самадов.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти расмии Вазорат, шумори бекорон дар Тоҷикистон 56 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.