Туҳфаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мутахассиси ӯзбек

Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мутахассиси Конфедератсияи футболи Осиё аз Ӯзбекистон Ислом Аҳмедов тӯби футбол бо дастхати президенти УЕФА Мишел Платиниро туҳфа кард. Бино ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Аҳмедов дар курсҳо барои дастрасӣ ба иҷозатномаи категорияи «В», ки аз 28-уми июн то 17-уми июл дар шаҳри Норак доир гардиданд, ба ҳайси […]

ASIA-Plus


Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мутахассиси Конфедератсияи футболи Осиё аз Ӯзбекистон Ислом Аҳмедов тӯби футбол бо дастхати президенти УЕФА Мишел Платиниро туҳфа кард.

Бино ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Аҳмедов дар курсҳо барои дастрасӣ ба иҷозатномаи категорияи «В», ки аз 28-уми июн то 17-уми июл дар шаҳри Норак доир гардиданд, ба ҳайси мутахассиси КФО фаъолият дошт.

Ба иттилои манбаъ, дар ин курсҳо 18 нафар мураббиёни футбол ширкат варзидаанд, ки 15 нафарашон аз Тоҷикистон ва се нафари дигар мураббиёни хориҷӣ – сармураббии тими мунтахаби футболи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Коргар ва ҳамкори ӯ Муҳаммад Муҷтабо Забеҳулло ва Риди Винсент Трой, як амрикоии шомил ба ҳайти мураббиёни дастаи «Вахш» будаанд.

Гуфта мешавад, мутахассиси ӯзбек ба тамоми шунавандагони курсҳо изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худ баҳри ҳамкории минбаъда ва дастгирии рушди таълимоти мураббиён дар Тоҷикистонро иброз доштааст.

Қобили зикр аст, ки бо анҷоми машғулиятҳо ба ҳар кадоме аз шунавандагони курсҳо сертификати хатми давраи омӯзишии мазкур супурда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.