Бадахшониён ба бозорҳои пойтахт гӯшти қӯтосу панир меоранд

Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) амалисозии лоиҳаи кӯмаки техникӣ баҳри дастгирии таъсиси гурӯҳҳои истеҳсолкунадагони гӯшт дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро оғоз намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, лоиҳа дар доираи ташаббуси минтақавии сохторҳои агарӣ дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ таҳия гардида, аз ҷониби Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ маблағгузорӣ мешавад. Ба […]

ASIA-Plus


Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) амалисозии лоиҳаи кӯмаки техникӣ баҳри дастгирии таъсиси гурӯҳҳои истеҳсолкунадагони гӯшт дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро оғоз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, лоиҳа дар доираи ташаббуси минтақавии сохторҳои агарӣ дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ таҳия гардида, аз ҷониби Барномаи ғизо ва кишоварзии СММ маблағгузорӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи ФАО дар Помири Шарқӣ бо дастгирии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ амалӣ гардида, дар Вазорати мазкур зикр карданд, ки ин минтақаи Бадахшон имкони хеле хуби истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза дар бозорҳои пойтахт, аз ҷумла гӯшти қӯтос ва якчанд навъи панир аз шири қӯтосро доро мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи чорабиниҳои лоиҳа ФАО аллакай бо 25 нафар қӯтоспарварони ноҳияи Мурғоб семинар доир намуда, тобистони имсол дар ҳамдастӣ бо Ассосиатсияи байторон дар тамоми ҷамоатҳои ноҳияи мазкур бо чорводорон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мешавад.

Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ қайд карданд, ки аллакай тирамоҳи соли равон аз маҳсулоти аввалини зикршудаи сокинони Бадахшон дар бозорҳои пойтахт метавон интизорӣ дошт.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.