ВКД: Қорӣ Восит то ҳанӯз мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад (садо)

Маълумоти интишоргардида дар бораи аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон рабуда шудани шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов маъруф ба Қорӣ Восит ва ба Душанбе овардани ӯ асоси воқеъӣ надошта, як «ҳангомаи матбуотӣ» аст, – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов. Ба қавли Рамазон Раҳимов, айни замон Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар […]

Аваз Юлдошев


Маълумоти интишоргардида дар бораи аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон рабуда шудани шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов маъруф ба Қорӣ Восит ва ба Душанбе овардани ӯ асоси воқеъӣ надошта, як «ҳангомаи матбуотӣ» аст, – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов.

Ба қавли Рамазон Раҳимов, айни замон Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои дохилии Русия ҷиҳати муайян кардани макони будубоши Қорӣ Восит чораву тадбирҳои зиёде рӯйи даст гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шуҳрат Қудратов, адвокати барои Қорӣ Восит кирошуда мегӯяд, тибқи маълумоти мавҷуда аз як сарчашмаи боэътимод аз мақомоти қудратӣ, зерҳимояи ӯ рӯзи 24-уми октябри соли гузашта ғайриқонунӣ ба Душанбе истирдод шудааст.

Ба қавли ӯ, «истирдоди пинҳонӣ»-и Латифов «ғайриқонунӣ буда, ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ мухолиф аст», зеро ӯ таҳти ҳимояти Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон қарор дорад ва аз ин рӯ, ҷониби Русия ба истирдоди Латифов аз қаламраваш ва гузашта аз ин, ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурдани ӯ ҳуқуқ надорад.

Ёдрас мекунем, ки пас аз чанд рӯзи озод шудан аз боздоштгоҳи Волгоград шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, дар доираҳои ҷиноӣ маъруф ба «Қорӣ Восит» рӯзи 20-уми октябр бедарак шуд. «Қорӣ Восит» моҳи ноябри соли 2010 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт гардид. Баъди боздошт ҷониби Тоҷикистон аз Русия талаб намуд, ки Абдулвосит Латифовро ба ихтиёри Душанбе супорад. «Барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия», суди шаҳри Волгоград дар бораи истирдоди ӯ қарор қабул кард.

Дар Тоҷикистон Абдулвосит Латифов дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили куштор, роҳзанӣ, одамдуздӣ гумонбар дониста мешавад. Тибқи баъзе маълумот, аъзои дастаи Қорӣ Восит ба даст доштан дар 25 амали террористӣ ва марги беш аз 40 нафар муттаҳам дониста мешаванд. Қобил ба ёдоварист, ки мақомот қатли собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, марги 19 марзбони рус ва 4 корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдатро дар солҳои 90 –ум кори дасти гурӯҳи Қорӣ Восит арзёбӣ намуда буданд.

Бино ба Хадамоти федералии амнияти Русия, солҳои 90-ум аъзои дастаи Абдулвосит Латифов дар урдӯгоҳҳои низомии Эрон ва Покистону Афғонистон таълими ҳарбӣ гирифтаанд. Соли 2011 хадамоти махсуси Русия аъзои ин гурӯҳ Зубайдулло Шоев ва Боймурод Хоҷаевро ба Тоҷикистон истирдод намуданд. Моҳи августи соли 2011 бо қарори суд Боймурод Хоҷаев ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи октябри соли гузхашта ҳимоятгари Шуҳрат Қудратов мутмаинона изҳор намуда буд, ки Қорӣ Восит дар яке аз биноҳои хадамоти махсус дар Душанбе

нигаҳдорӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.