Пешвои гурӯҳи «Ансоруллоҳ»-и Тоҷикистон таҳти пайгарди байнулмилалӣ аст (садо)

Пешвои созмони ифротгарои динии «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон, сокини 60-солаи деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод Амриддин Табаров таҳти пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов хабар дод. Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД генрал-майор Ҷӯрахон Зойиров дар […]

Аваз Юлдошев


Пешвои созмони ифротгарои динии «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон, сокини 60-солаи деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод Амриддин Табаров таҳти пайгарди байнулмилалӣ эълон шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД генрал-майор Ҷӯрахон Зойиров дар ин робита изҳор кард, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Табаров яке аз афроди наздики пешвои Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абуллои Нурӣ ба шумор мерафт.

«Маҳз Табаров 20 сол қабл ҳамлаи муҷоҳидон ба дастаи 12-уми сарҳадбонони Русияро созмон дод, ки бар асари он марзбонони рус ба талафоти зиёд дучор шуданд», – зикр кард генерал Зойиров.

Ба қавли ӯ, пас аз расидан ба сулҳ А.Табаров ба шартҳои созишнома розӣ нашуда, Тоҷикистонро тарк кард ва ба ҷонибдорони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Афғонистону Покистон бипайваст. «Сипас аз сафи ҲИӮ низ хориҷ шуда, созмони ифротгарои динии «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистонро таъсис дод», – афзуд Зойиров.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2012 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти ин созмон дар қаламрави кишварро ғайриқонунӣ ва мамнӯъ эълон кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.