Ф.Воҳидова бояд ба «Тоҷирон» 30 ҳазор сомонӣ пардохт кунад

Имрӯз суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии ширкати «Тоҷирон» дар бораи ҳифзи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидоваро қонеъ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муҳаррири рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат хабар дод, барои туҳмат ва зиён ба мартабаи корӣ адвокат Воҳидова бояд ба ширкати «Тоҷирон» на 50 ҳазор сомонии […]

ASIA-Plus


Имрӯз суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии ширкати «Тоҷирон» дар бораи ҳифзи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидоваро қонеъ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муҳаррири рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат хабар дод, барои туҳмат ва зиён ба мартабаи корӣ адвокат Воҳидова бояд ба ширкати «Тоҷирон» на 50 ҳазор сомонии аз ҷониби ширкат тақозошуда, балки 30 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад. Дар навбати худ, рӯзнома ҳам бо талаби даъвогар маблағи рамзии 1 (як) сомониро низ бояд пардохт намояд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли равон ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ

даъво пеш овард.

Дар навбати худ, рӯзи 19-уми апрел адвокат Файзинисо Воҳидова ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе

аризаи даъвогии муқобили даъво

оид ба ҳифзи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ нисбати ширкати «Тоҷирон»-ро пешниҳод намуд. Ӯ аз суд дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ рӯёнидани зарари маънавиро дархост намудааст, зеро санаи 30-юми январи соли ҷорӣ ширкати мазкур тавассути ВАО шаъну эътибори ӯро паст зада, мартабаи кории ӯро зери шубҳа гузоштааст, аммо аллакай санаи 1-уми июл Суди иқтисодии шаҳри Душанбе қарор кард, ки таъиноти Суди иқтисодии Душанбе бетағйир ва аризаи даъвогиии муқобили даъвои адвокат рад карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.